Ссылки доступа

Дар Душанбе ҷасадҳои "қассобишуда"-и ду занро ёфтаанд


Сокинони пойтахти Тоҷикистон, ки дар соҳили дарёи Душанбе ба сар мебаранд, дар чанди рӯзи охир пораҳои ҷасади ду занро аз об гирифтаанд. Ин иттилоъро маркази матбуотии ВКД тасдиқ кард.

Гуруҳи иборат аз се мард бо гумони даст доштан дар қатли ду зани ҷавон боздошт шудаанд, хабар медиҳад ВКД.

Мақомот мегӯянд, “се гумонбар рӯзи 21 июли соли ҷорӣ бо ҷавонзани 25-солаи сокини Душанбе дар наздикии Сирки давлатии Тоҷикистон шинос шуда ва ӯро барои равобити шаҳвонӣ ба манзилашон дар кӯчаи Неъмат Қарабоев бурдаанд. Баъди муноқиша барои маблағ, ӯро кушта, ҷасадашро ба қисмҳо ҷудо намуда дар ҷузвдон ва халтаи полиэтиленӣ гирифта, ба дарёи Душанбе партофтаанд”.

Гумонбарон бо ҳамин тартиб рӯзи 27 июл як зани 23-соларо низ ба қатл расонида, аъзои баданашро ба дарё партофтаанд.

ВКД хабар медиҳад, ки занони кушташуда "сабукпой" будаанд. Дар ҳоли ҳозир гумонбарон дар боздошти пешакӣ қарор дошта, нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG