Ссылки доступа

Боздошти 47 нафар барои ғасби бинои пулис дар Ереван


Дар Арманистон дар доираи парвандаи ғасби бинои пулис 47 нафар дастгир ё ҳабс гардидааст. Зидди 24 тани онҳо бо айби гаравгонгирӣ парванда боз шудааст.

Рӯзи 31 июли соли равон аъзои мусаллаҳи гуруҳи "Сасна тсрер", ки ба ҳайати ҳизби мухолифи "Маҷлиси муассисон" шомил аст, баъди 15 рӯзи ғасби бинои пулис дар Ереван ба мақомот таслим шуданд.

Дар майдони Озодии Ереван рӯзи душанбе муҳокимаи оммавии ҳодисаи мазкур баргузор шуда, Арутюн Агламазян, узви "Маҷлиси муассисон" гуфт, "агар мақомот аз фикри худ боз нагардаду ба хулосае наояд, ин гуна шӯришҳо дар саросари Арманистон барпо хоҳад шуд".

Дар натиҷаи ҳамлаи 17 июли аъзои "Сасна тсрер" ба бинои пулис дар Ереван як полковники милитсия кушта ва чаҳор корманди пулис захмӣ шуданд. Ҳамчунин ҳафт тани дигар ба гарав гирифта шуд, ки дар натиҷаи гуфтушунид бо мақомот дубора раҳо гардиданд.

Ҳамлагарон талаб доштанд, Жирайр Сефилян - ҳамоҳангсози “Маҷлиси муассисон”, ки бо айби ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ҳабс гардидааст, озод карда шавад.

XS
SM
MD
LG