Ссылки доступа

Русия омодааст, ба ним миллион муҳоҷири тоҷик нафақа диҳад


Лоиҳаи созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар бораи танзими нафақаи муҳоҷирони кории тоҷик ниҳоӣ шуда, дар ҳоли ҳозир коршиносони ду тараф иҷрои онро ҳамоҳанг мекунанд. Дар ин бора Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод.

Ин масъули вазорати меҳнат мегӯяд, дар давоми ду соли охир шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки расман дар Русия кор мекунанд, афзоиш ёфтааст ва ин шумора дар охири соли 2015 ба 500 ҳазор нафар расида буд.

"Лоиҳаи ин созишномаро ҷониби Русия барои мувофиқа ба ҳукумати Тоҷикистон фиристодааст. Мо дигар бо ҷониби Русия дар масъалаи таъмини нафақа ихтилофи ҷиддӣ надорем", - афзуд Маҳмадуллозода.

Ба гуфтаи ин масъул, тибқи созишномаи нави таҳияшуда муҳоҷироне, ки расман кор мекунанд, ба давлати Русия бояд андози иҷтимоӣ пардохт кунанд. Дар он сурат ҳукумати Тоҷикистон дар давраи бознишастагӣ ин маблағҳоро аз Русия мегирад ва ба худи муҳоҷирон чун нафақа пардохт мекунад.

Таъмини муҳоҷирони кории тоҷик бо нафақа аз масъалаҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бештар аз 20 соли пеш оғоз ёфта буд ва акнун онҳое, ки ба синни нафақа расидаанд, аз ҳеҷ гуна ҳифзи иҷтимоӣ ё нафақа бархӯрдор нестанд. Ин масъала аз муддатҳо пеш дар долонҳои ҳукуматӣ баррасӣ мешавад ва ба порлумони кишвар низ роҳ ёфта буд.

XS
SM
MD
LG