Ссылки доступа

Дар Қирғизистон даъват доранд, ки Қонуни асосӣ тағйир наёбад


Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони баъзе аз нерӯҳои сиёсии Қирғизистон зидди ташаббуси ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии ин кишвар ҷамъоварии имзоро оғоз кардаанд.

Аъзои гуруҳи ташаббускор гуфтаанд, бо баргузории раъйпурсӣ дар Қирғизистон мехоҳанд, нуфӯзи президент Алмосбек Отамбоевро баъди рафтанаш аз сари қудрат ҳифз кунанд. Вале худи президенти Қирғизистон ин пешбиниҳоро рад карда, мегӯяд, ҳадафи вай ба низом даровардани меъёрҳои Конститутсияи кишвараш аст.

Омурбек Текебоев, ки аз вай падари Қонуни асосии Қирғизистон ном мебаранд, мегӯяд, лоиҳаи эҳтимолии ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия баробарии шохаҳои ҳукумат дар кишварашро вайрон хоҳад кард.

Тибқи қоида, лоиҳаи тағйиру иловаҳоро гуруҳи корӣ таҳия намуда, баъдан дар ҷаласаи конститутсионӣ баррасӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки бештари сиёсатмадорони қирғиз хабар надоранд, ки лоиҳаи мазкурро кӣ ва дар куҷо таҳия кардааст.

"Дар лоиҳа тартиби нави муносибатҳо байни шохаҳои қонунгузорӣ ва иҷроия қайд шудааст: порлумон танҳо бо ду ё сеяки овозҳо метавонад, ҳукуматро ба истеъфо фиристад. Девони вазирон низ дар навбати худ метавонад вотуми нобоварӣ ба порлумонро ба миён гузорад. Ин маънои онро дорад, ки ҳукумат лоиҳаи қонуни худро таҳия карда, аз порлумон талаб мекунад, ки онро қабул кунад. Агар лоиҳаро қабул накарданд, Девони вазирон ба президент муроҷиат мекунад ва вай тасмим мегирад, ки порлумонро пароканда кунад ё ба истеъфо фиристад. Дар ин лоиҳа на танҳо густариши салоҳияти ҳукумат, балки фармонравоияш болои порлумон ҳам ба назар гирифта шудааст, ки Жокорку Кенеши нав ба по хестаро ба ду зону хоҳад шинонд", - афзуд Текебаев.

XS
SM
MD
LG