Ссылки доступа

Захираи тило ва асъори Тоҷикистон ба 72 рӯз мерасад


Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз ин ба баъд дар бораи захираҳои тилову асъор маълумот надиҳад. Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, сиррӣ шудани маълумот дар бораи захираҳои тило ва асъор ба хотири он аст, ки мардум ба воҳима наафтанд.

Ба қавли Давлатзод, дар сурати ошкор кардани маълумот дар бораи захираҳои тило ва асъор имкон дорад, мардум пасандозҳои худро аз бонкҳо гиранд ва, албатта, ин амр паёмади номатлуб хоҳад дошт. "Сиррӣ шудани маълумот дар бораи захираи тилою асъор сиёсати давлат аст. Як воҳимаи беасос метавонад бовари мардумро ба низоми бонкӣ коста гардонад. Агар онҳо дар як рӯз тамоми пасандозҳои худро аз бонкҳо гиранд, вазъи иқтисоди мо чӣ мешавад?" - суол гузошт ӯ.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мутахассисони Бонки миллӣ гуфта буданд, захираи тилову асъори Тоҷикистон танҳо барои 72 рӯз мерасад. Умед Давлатзода ин андешаи мутахассисонро тасдиқ кард ва афзуд, ҳаҷми чунин захираҳо тибқи меъёрҳои байналхалқӣ, бояд барои 90 рӯз бирасад. Вай гуфт, баъди шурӯи буҳрони молӣ қисме аз захираҳои тило ва асъор барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ бароварда шуданд, то пеши роҳи коҳиш ёфтани арзиши сомонӣ гирифта шавад.

Ин мансабдори давлатӣ гуфт, ҳукумат барои афзоиши ҳаҷми захираи тилову асъори кишвар бо назардошти муътадилгардонии қурби пули миллӣ, чораҳоеро рӯи даст хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG