Ссылки доступа

ИМА силоҳи ҳастаияшро замонавӣ мекунад


Иёлоти Муттаҳида нақша дорад, соли 2020 намунаи нахустини бомбаи замонавии атомии B61-12-ро бисозад. Бино ба иттилои бахши русии Садои Амрико, намунаи замонавии бомбаи навъи 12 боз 20 соли дигар хизмат хоҳад кард.

Идораи миллии амнияти ядроии ИМА иҷоза додааст, ки марҳалаи муҳандисии барномаи тамдиди хизмати кулоҳаки ҳастаии B61-12 оғоз карда шавад. Ин раванди коркард чаҳор сол тӯл кашида, интизор меравад, соли 2020 намунаи нахустини бомбаи мазкур истеҳсол гардад.

Дар доираи ин барнома ҷузъҳои ядроӣ ва ғайриядроии кулоҳак аз нав коркард мешаванд, то муҳлати хизмати бомба ва бехатарию боэътимодияш бештар гардад. Ба гуфтаи раҳбари идораи мазкур Франк Клотс, дар намунаи кунунии В61 қадимтарин таркибҳои таслиҳотии Амрико истифода мешавад.

"Ин гуна барномаҳо барои тамдиди хизматрасонӣ бевосита дар асоси иҷрои супоришҳои президент Барак Обама оид ба нигаҳдории таҷҳизоти ядроии бехатар, боэътимоду муассир ва ҳамзамон коҳиши тӯпхона сурат мегиранд", - мегӯяд Эрнест Мониз, вазири энергетикаи ИМА.

XS
SM
MD
LG