Ссылки доступа

Вашингтон: дар мулоқоти “С5+1” мушкилоти ОМ баррасӣ мешавад


Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷии ИМА имрӯз дар Вашингтон бо ҳамтоёнаш аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мулоқот мекунад.

Мавзуъҳои меҳварии ин мулоқот амнияти минтақа, равобити иқтисодӣ, мушкилоти муҳити зисту тағйироти иқлим ва низ масоили башарӣ хоҳад буд. Ҳамчунин тарҳҳои пешниҳодие баррасӣ мешавад, ки зимни вохурии моҳи ноябри соли 2015 кишварҳои панҷгонаи “C5+1” дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон матраҳ шуда буд.

Тавре Даниэл Розенблум, ёвари Котиби Давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказӣ гуфт, ҳадафи гуруҳи “С5+1” андешидани чораҳо зидди чолишҳоест, ки пешорӯи кишварҳо қарор доранд.

Мақомоти ИМА пинҳон намекунад, ки тарафдори тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ бо кишварҳои ОМ ҳастанд ва омодаанд барои муборизаи ҳукумати ин кишварҳо бо чолишҳои амниятии таҳдидкунанда аз марзҳои Афғонистон, назири Толибон, ДИ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдидҳои терроризму тундгароӣ мизони кумак ба ин кишварҳоро афзоиш диҳанд.

Розенблум моҳи июни соли равон зимни сухарониаш дар баробари Кумитаи равобити хориҷии Конгресси Амрико аз мақомоти кишвараш даъват кард, ки мизони кумак ба ин кишварҳоро афзоиш диҳанд. Вай гуфт, ИМА дар Осиёи Марказӣ ду ҳадафи дарозмуддати амнияти миллиро пайгирӣ мекунад, ки яке пуштибонии суннатии ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ дар бунёди давлатҳои қавии мустақил ва озод аз мудохилаи беруна ва дигаре таъмини суботи давлатҳои мустақил дар ин минтақа аст.

XS
SM
MD
LG