Ссылки доступа

КДАМ: 600 шаҳрванди Қирғизистон ба Сурия рафтаанд


Шумори шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд, ба 600 нафар расидааст.

Дар ин бора Роҳат Сулаймонов, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи Сулаймонов, дар нооромиҳои Сурия беш аз 70 шаҳрванди Қирғизистон кушта шудааст. “Ҳамчунин мақомот рӯйхати 20 нафареро дар даст доранд, ки ба Ватан баргаштаанд ва ҳоло зиддашон бар пояи моддаҳои Кодекси ҷиноии кишвар парванда боз гардидааст”, - афзудааст манбаъ.

Бино бар иттилои расмӣ, шумори занон дар миёни онҳое, ки ба Сурия рафтаанд, зиёда аз 100 нафар аст.

XS
SM
MD
LG