Ссылки доступа

Роҳбари КБО: низоми зиддидопингии ҷаҳонӣ бояд бозсозӣ шавад


Роҳбари Кумитаи байналхалқии Олимпӣ (КБО) Томас Бах даъват кард, ки баъди ҷанҷол дар варзиши Русия низоми зиддидопингӣ комилан бозсозӣ шавад.

Ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи КБО дар Рио-де-Жанейро, ки дар ин шаҳр 5 август бозиҳои Олимпӣ-2016 шуруъ мешаванд, Бах афзуд, истифодаи густардаи доруҳои мамнуъ миёни варзишгарони Русия фаъолияти камсамари Оҷонсии байналхалқии зиддидопингӣ - WADA-ро ошкор кард.

КБО баъди он ки мунтахаби Русияро аз ширкат дар бозиҳои Олмипии Бразилия маҳрум накарда, тасмими ниҳоиро дар ин маврид бар дӯши федератсияҳои байналхалқии варзишӣ гузошт, аз ҳар сӯ танқид шунид.

Дар асоси хулосаи комиссияи мустақили WADA зери роҳбарии вакили дифоъ аз Канада Ричард Макларен, ин оҷонсӣ машварат дод, ки мунтахаби варзишгарони Русия ба далели вайрон кардани қоидаи зиддидопингӣ ба бозиҳои Олимпӣ роҳ дода нашавад.

XS
SM
MD
LG