Ссылки доступа

Дар Туркия бештар аз 90 довари футбол боздошт шуданд


Дар Туркия бештар аз 90 довари футбол ва ёрдамчиёнашон бо айби ҷонибдорӣ аз руҳонии турк Фатҳулло Гюлен боздошт шудаанд. Мақомоти Туркия Фатҳуллоҳ Гюленро дар ташкили кушиши табадуллоти давлатии шаби 16 июл муттаҳам мекунанд.

Телевизиони Туркия саҳнаеро аз шаби табаддулот нишон дод, ки чархболи ошӯбгарон дар майдони футболи дастаи "Бешиктош" дар Истамбул фуруд меояд.

Рӯзи сешанбе дар Анқара 50 корманди Бемористони низомии Гулхона низ боздошт шуда буданд. Ҳамчунин ба боздшоти 50 корманди дигари ин бемористон амр дода шудааст.

Дар як суханронӣ дар Анқара, президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт, агар артиш саросар бозсозӣ нашавад, ҷонибдорони Гюлен дубора талош мекунанд, ки даст ба табаддулоти давлатӣ зананд. Бо истифода аз вазъи фавқулодда, президенти Туркия талош дорад, ки дар ин кишвар конститутсияи нав қабул шавад, то ин ки Ситоди кулли нерӯҳои низомӣ тобеи роҳбари давлат бошад.

Аз замони ноком шудани табаддулоти давлатӣ дар Туркия то кунун бештар аз 10 ҳазор нафар боздошт, наздики 70 ҳазор корманди давлатӣ, пулис ва низомӣ аз мақомашон барканор шудаанд.

XS
SM
MD
LG