Ссылки доступа

Куштори бераҳмонаи навраси тоҷик дар Петербург


Дар Петербурги Русия назди мағозаи шабонарӯзии кӯчаи Ленская шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон бо захмҳои бешумори корд дар тахтапушташ ва ду ангушти бурида пайдо шудааст. Наврас дар бемористон ҷон додааст.

Пулиси Петербург мегӯяд, бо гумони даст доштан дар ин куштор се навраси аз 16 то 18-сола ва як духтари 15-соларо дастгир кардаанд. Ҳамаи онҳо дар ҳолати сархушӣ қарор доштаанд. Аз боздоштшудаҳо як мачете ва чанд битаву корд мусодира шудааст. Ин навраси тоҷик дар наздикӣ, дар хиёбони Косигин ба сар мебурд ва қарибии соати 12 барои харид ба мағоза омадааст. Ҷинояти мазкурро пулиси ноҳияи Красногвардейск таҳқиқ мекунад.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ таъсис шудааст. Узви Шӯрои ҳомии ҳуқуқи Петербург Юрий Вдовин бар ин назар аст, ки ҳоло дар Русия бадбинии нажодӣ авҷ гирифтааст ва наврасону ҷавонон ба ин падида таваҷҷуҳи бештар доранд.

Ба андешаи Юрий Вдовин, агар мақомот пешин роҳи ин падидаро нагирад, мавҷи кушторҳо дар заминаи бадбинии миллӣ мумкин аст дигарбора паҳн шавад.

XS
SM
MD
LG