Ссылки доступа

ВАО: воситаҳои ҷосусӣ - дар хизмати ҳукуматҳои худкома


Ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва кишварҳои дигари худкома ба воситаҳои кибернетикие, ки мақомоти интизомии Ғарб истифода мебаранд, дастрасӣ пайдо карда, аз онҳо барои таъқиб ва тарсондани дигарандешони худ кор мегиранд, менависанд расонаҳои хориҷӣ.

Бино ба иттилои хабаргузории Associated Press, пажӯҳишгарон муайян кардаанд, ки ширкатҳое назири Verint ва Nice Systems ба Ӯзбекистону Қазоқистон воситаҳои назорати омма фурӯхтаанд. Мутахассисони Исроил эҳтимолан, маҳз барои дасгирии техникӣ ва хизматрасонии воситаҳои мазкур аз Тошканд боздид намудаанд.

Ин таҷҳизот ба хадамоти махсуси Ӯзбекистон имкон додааст мардумеро, ки тавассути телефон ё эмейл масоили ҳассосро баҳс мекунанд, аз ҷумла як блогнависи дигарандеши ӯзбекро муайян ва дастгир кунанд.

Associated Press менависад, ҳукумати кишварҳои худкомае, ки пайваста ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд, айни воситаҳо назоратиеро харидорӣ намудаанд, ки оҷонсиҳои иктишофии Ғарб истифода мебаранд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, мардуме, ки бо истифода аз фанновариҳо таъқибу дастгир мешаванд, латукӯб, боздошт ва шиканҷа хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Reuters менависад, ҳакерҳое, ки бовар меравад, аз номи ҳукумати Қазоқистон амал мекунанд, талош кардаанд, то аз тариқи воситаҳои ҷосусӣ ба вакилони мудофеъ ва дигар афроди наздик ба дигарандешони зиндонӣ таъсир расонанд.

XS
SM
MD
LG