Ссылки доступа

Оташи Олимпӣ ба Рио-де-Жанейро расид


Оташи олимпӣ ба пойтахти бозиҳои тобистонаи соли 2016 - Рио-де-Жанейро расид.

Бино ба иттилои хабаргузориҳо, машъалро ҳафт варзишгари тими миллии Бразилия то лаби соҳил бурданд, ки дар онҷо онҳоро шаҳрдори Рио Эдуард Паэс ҳамроҳи ҳамсараш Кристин ва фарзандонаш Бернард ва Изабелла пешвоз гирифтааст.

Шаҳрдор бо машъал Оташи Олимпиро фурӯзон намуда, баъди чанд қадам дар бандар онро ба донишҷӯи 15 солаи мактаби варзишии Ребек Мораэс душ Сантос додааст.

Аз 3 майи соли 2016 инҷониб Оташи олимпӣ тамоми Бразилияро тай намуда, 5 август ба Рио, маҳалли ифтитоҳи расмии Бозиҳои Олимпӣ хоҳад расид. Машъал беш аз 300 шаҳри бузургу хурди ин кишварро давр хоҳад зад.

Шаҳрдори Рио-де-Жанейро 4 августро расман истироҳат эълон кард.

Бозиҳои XXXI тобистонаи Олимпӣ аз 5 то 21 августи соли равон баргузор мешавад. Ин бори нахуст аст, ки Амрикои Ҷанубӣ бозиҳои Олимпиро мизбонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG