Ссылки доступа

Роҳбари Туркманистон, ки имсол панҷ китоб нашр кард, ду китоби дигар навиштааст


Тавре хабаргузории РИА Новости менависад, президенти Туркманистон Қурбонгули Бердимуҳаммадов, муаллифи даҳҳо китоб, ки танҳо панҷ китобаш соли ҷорӣ нашр шудааст, давоми рухсатии меҳнатиаш ду китоби дигар таҳия кардааст.

Яке аз ин китобҳо ба таърихи пайдоиши миллати тукр, дувумаш ба решаҳои сулҳхоҳӣ, ҳувияти маънавӣ ва таҳаммулгароии мардуми турк рабт дорад.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ки "китобҳо дар заминаи таҳқиқи амиқ ва омӯзиши маълумот дар бораи намунаҳои таърихии истифодаи санъати дипломатии мардуми турк, ки на танҳо дар дастхатҳо сабт шуда, балки дар асарҳои бадеӣ низ инъикос ёфтаанд, таълиф шудаанд".

Президенти Туркманистон аз 25 июл ба ин сӯ дар рухсатии меҳнатист. Аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун Бердимуҳаммадов панҷ китоб нашр кардааст.

XS
SM
MD
LG