Ссылки доступа

ВКХ Ӯзбекистон тавассути YouTube аз сиёсати хориҷиву дохилӣ хабар медиҳад


Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар шабакаи иҷтимоии YouTube саҳифа таъсис додааст, хабар медиҳад сомонаи ин вазорат.

"Умедворем, ки хонандагони сомонаи расмӣ, саҳифаи ВКХ дар Фейсбук ва акнун бинандагони шабакаи YouTube метавонанд на танҳо маълумоти матнӣ, балки хабарҳоро дар шакли навор дар бораи сиёсати дохиливу хориҷии роҳбарияти кишвар, дар маҷмуъ дар бораи Ӯзбекистон ва маконҳои диданиаш пайдо хоҳанд кард", - омадааст дар хабари сомона.

Дар ҳоли ҳозир дар саҳифаи ВКХ Ӯзбекистон дар YouTube наздики 20 навор сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG