Ссылки доступа

Боздошти як сокини Қӯрғонтеппа барои қатли сарбози рус


Як сокини маҳаллаи Хатлони шаҳри Қӯрғонтеппа бо гумони даст доштан дар куштори сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон боздошт шудааст. Феълан ному насаби гумонбар бурда намешавад.

Ярослав Рошупкин, роҳбари хадамоти матбуотии Округи марказии ҳарбии Русия мегӯяд, бино бар натиҷаи тафтишоти пешакӣ, ин ҳодисаи хусусияти маишӣ доштааст.

Вай афзуд, ки наметавонад маълумоти хусусии марбут ба кушташуда, аз ҷумла ному насаб ва муҳлати хизматашро дар Тоҷикистон ифшо кунад.

"Ҳамин қадар метавонем бигӯем, ки ӯ як сарбози қаторӣ буд", гуфтааст Рошупкин.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеаш навишт, ки номи сарбози пойгоҳи 201 Алексей Буенков буда, 40 сол дошт.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса - пешхизматҳои тарабхонаи "Карина", миёни сарбози рус, ки он шаб ҳамроҳи ҳамсару дӯстонаш онҷо истироҳат мекард ва як ҷавон бо номи Аҳлиддин муноқишае бархостааст. Ба гуфтаи онҳо, гумонбар берун рафта, баъди мудате корд дар даст омада, ба сарбози рус ҳамла кардааст. Шоҳидон мегӯянд, ҳамин тариқ онҳо сабаби ин моҷароро нафаҳмиданд.

XS
SM
MD
LG