Ссылки доступа

Ихроҷи ду шаҳрванди Қирғизистон аз Русия барои таблиғи ифротгароӣ


Мақомоти Русия ду шаҳрванди Қирғизистонро, ки эҳтимолан мубаллиғи тундгароӣ будаанд, ҷарима ва аз ин кишвар ихроҷ намуданд.

Хадамоти федеролии амниятӣ (ХФА) мегӯяд, вуруди ин ду нафар, ки ному насабашон бурда намешавад, барои 5 сол ба Русия манъ шуд. Бино бар иттилои ХФА, шаҳрвандони Қирғизистон миёни сокинони вилояти Челябински Русия ақидаҳои Салафияро паҳн менамудаанд.

Равияи Салафия дар баъзеи кишварҳои пасошӯравӣ экстремистӣ эълон шудаааст. Салафиҳо як гуруҳи аҳли суннатанд, ки бо рафторҳои тундашон шинохта шудаанд ва равияҳои дигари Ислом, аз ҷумла мазҳаби шиа ва ё тасаввуфро қабул надоранд.

Соли равон дар вилояти Челябинск, ки бо Қазоқистон ва Бошқирдистони Русия ҳаммарз аст, чанд нафарро барои таблиғи тундгароӣ боздошт ё зиндонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG