Ссылки доступа

Қазоқистон беш аз 330 тонна маҳсулоти Қирғизистонро гардондааст


Қазоқистон аз 4 июли соли равон то кунун дар маҷмуъ 330 тонна маҳсулотро ба Қирғизистон бозпас фиристодааст.

Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Қазоқистон, гӯиё деҳқонони қирғиз мехостанд, қаламфури булғорӣ, зардолу, шафтолу, себ, картошка ва ангури кирмзадаро ба ин кишвар ворид кунанд. Ҳамчунин дар ин давра аз воридоти 142 тонна маҳсулот бо шаҳодатномаҳои қалбакии фитосанитарӣ пешгирӣ шудааст.

Вазорати кишоварзии Қазоқистон мегӯяд, сар аз 4 май ба ин сӯ воридоти картошка аз Қирғизистон ба ин кишвар дар робита ба риоя нашудани талаботи фитосанитарӣ маҳдуд гардидааст. То ин тасмим 79 ҳолати воридоти маҳсулоти дорои хусусияти карантинӣ ошкор карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Бозрасии давлатӣ оид ба бехатарии байторӣ ва фитосанитарии Қирғизистон дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки деҳқонон бидуни иҷрои қоидаҳои дахлдор маҳсулотро худсарона интиқол додаанд.

XS
SM
MD
LG