Ссылки доступа

СММ: шумори қурбониёни низоъи шарқи Украина якбора афзудааст


Шумори аҳолии асоишта, ки дар натиҷаи низоъи мусаллаҳона дар шарқи Украина кушта шудаанд, дар давоми моҳҳои тобистон якбора афзудааст. Дар моҳи июл шумори кушташудаҳо ва захмбардоштагон дар як соли охир ба нуктаи баландтарин расидааст, хабар додааст комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон Зайд Раад ал-Ҳусейн.

Ба иттилои созмони мазкур, дар моҳи июн дар шарқи Украина 12 сокини осоишта кушта ва 57 нафари дигар захмӣ шудааст, моҳи июл низоъ ҷони 8 нафарро рабуда, 65 каси дигарро маҷруҳ кард. Аз моҳи апрели соли 2014 то кунун дар Донбасс 9,5 ҳазор одам кушта шудааст, ки аз ин шумор 2 ҳазораш сокини осоишта аст. Аксарияти онҳо бо оташи тӯпхона ё артиллерия кушта шудаанд. Истифодаи артиллерияи вазнин тибқи созишномаи Минск, ки моҳи сентябри соли 2014 қабул гардид, манъ шудааст.

Ду ҳафта қабл Раёсати Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон гузоришеро нашр кард, ки аз гумшавӣ ва куштори одамон дар ҳудудҳои зери назорати ҷудоихоҳон хабар медиҳад. Бештари ин ҳодисаҳоро метавон ҳамчун ҷинояти ҷангӣ баҳо дод, омадааст дар гузориш.

Низоъ дар Донбасс баҳори соли 2014, баъди қасби Қрим аз сӯи Русия, оғоз шуд. Киев ва кишварҳои Ғарбӣ Русияро дар таъмини ҷудоихоҳон бо силоҳ айбдор менамоянд. Кремл ин айбҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG