Ссылки доступа

Тоҷикистон аз қочоқи ашёи таърихӣ пешгирӣ кард


Дар натиҷаи як амалиёти фаврии кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон аз ҳодисаи хариду фурӯши ашёи таърихӣ пешгирӣ ва аз ҷумла 3 тандис ё иконаи Исои Масеҳ ва 19 ордену нишони сарисинагии иштирокчии Ҷанги Дувуми Ҷаҳонро мусодира кард.

Олим Шарипов, сӯхангӯи Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон гуфт, ки ин ашёи таърихӣ моҳи июл аз як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мусодира шудааст. Ба иттилои ӯ, марде мехост ин маводро ба хориҷа интиқол диҳад.

Олим Шарипов гуфт, ки ташхис арзиши бадеии тандис ва ҳам нишонҳои сарисинагиро баланд арзёбӣ кард. Ҳамаи моли мусодирашуда ба додситонии вилоят интиқол ва дар ихтиёри тафтишот гузошта шуд.

Хулосаҳои мутахассисони Вазорати фарҳанг исбот кардааст, ки тандисҳои мусодирашуда беш аз 100 сол умр дошта, охири асри 19 ва ибтидои асри 20 аз ҷониби иконанависони рус эҷод шудаанд ва дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ ҳастанд. Мақомот мегӯянд, ин моликият мероси фарҳангии Тоҷикистон аст ва набояд аз қаламрави кишвар берун бурда шавад.

Сомонаи хадамоти гумруки Тоҷикистон менависад, ки дар миёни ордену нишонҳои сарисинагӣ "як нишони "Ситораи сурх" ва ордени "Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ" илова бар ин 17 адад нишонаҳои сарисинагии гуногун мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG