Ссылки доступа

Сиёсатмадори мухолиф дар Қазоқистон аз зиндон раҳо мешавад


Додгоҳ қарори шартан пеш аз муҳлат озод шудани роҳбари пешини ҳизби мамнуи "Алға"-и Қазоқистон Владимир Козловро, ки бо гуноҳи барангехтани ихтилофи иҷтимоӣ зиндонӣ шудааст, содир кард. Дар ин бора ҳомии ҳуқуқи қазоқ Евгений Жовтис дар саҳифаи Фейсбукаш хабар додааст.

"Додгоҳ қарори шартан пеш аз муҳлат озод шудани Владимир Козловро содир кард. Вале воқеан бояд 15 рӯз сабр кард, то ҳукм қуваи қонунӣ пайдо кунад, ба ҳар сурат билохира...", - менависад Евгений Жовтис.

Дархост барои шартан пеш аз муҳлат озод шуданро Козлов 16 июн навишта будааст, он дархост аз сӯи додгоҳи Капшагай баррасӣ гардидааст.

Владимир Козлов аз 23 январи соли 2012 боздошт шуда, 8 октябри ҳамон сол ба 7,5 сол зиндонӣ шуд. Ҳамзамон амволи вай мусодира шуда буд. Ӯро дар барангехтани ихтилофи иҷтимоӣ ҳангоми ҳодисаҳои 16-17 декабри соли 2011 дар Жанаозен айбдор карданд. Он замон пулис зидди нафткашҳои эътирозгар ва сокинони шаҳр аз силоҳи оташфишон истифода кард, ки тибқи иттилои расмӣ, 16 кас кушта, бештар аз 100 нафар захмӣ шуда буд. Владимир Козлов ва ҷонибдоронаш ин айбномаро сиёсӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG