Ссылки доступа

Дар Қирғизистон кафедраҳои ҳарбиро барҳам доданд


Бино ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, раисҷумҳур Алмосбек Отамбоев қонун дар бораи уҳдадории умумии ҳарбии шаҳрвандон ва хизмати ҳарбию алтернативии кишварашро имзо кардааст.

Бар пояи ин қонунҳо, фаъолияти кафедраҳои ҳарбии макотиби олии Қирғизистон, ба истиснои факултети ҳарбии Академияи тиббии ин кишвар қатъ мегардад.

Хадамоти матбуотии президент ҳадафи қонунҳои мазкурро "беҳтар гардонидани сифати ҳайати Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо тағйири роҳҳои омода намудани кадрҳои низомӣ" хондааст.

Ба ҷуз ин, муҳлати даъвати ҳамасолаи шаҳрвандони Қирғизистон ба хизмати ҳарбии маҷбурӣ тағйир ёфта, меъёрҳои хизмати алтернативӣ низ дақиқтар хоҳа шуд.

XS
SM
MD
LG