Ссылки доступа

Бедаракшавии Воҳидҷони 27-сола дар фурудгоҳи Тошканд


Воҳидҷон Ниёзов, ҷавоне аз Сайрами Қазоқистон 28 июли соли равон дар фурудгоҳи Тошканд ҳангоми парвоз ба Кореяи Ҷанубӣ беномунишон гаштааст.

Наздикони Ниёзови 27-сола тасдиқ мекунанд, ки ӯро кормандони Хадамоти махсуси Ӯзбекистон барои доштани риш ва маводи динӣ дар телефонаш дастгир кардаанд.

Онҳо мегӯянд, бо гузашти 6 рӯз аз бедаракшавии Ниёзов ҳанӯз наметавонанд, дар бораи макони будубоши пайвандашон маълумоти муътамадеро дастрас кунанд. Шаҳрвандони Қазоқистон, ки ҳамроҳаш буданд, гуфтанд, Ниёзов риши зебою мураттабе дошта, узви ягон ҳизбу ҳаракати мамнуъ набуд. "Вайро ба утоқи алоҳида бурданд ва баъди ин дигар аз онҷо набаромад", - мегӯяд як сокини Сайрам.

Ба гуфтаи бархе манобеъ, кормандони мақомоти қудратии Ӯзбекистон ҷавонро савори мошине намуда, ба ҷойи номаълум бурдаанд.

Масъулини сафорати Қазоқистон дар Ӯзбекистон гуфтанд, аз бедаракшавии Воҳидҷон Ниёзов хабар надоранд ва танҳо баъди муроҷиати расмии волидайнаш ба ин қазия расидагӣ хоҳанд кард. Наздикони Ниёзов мегӯянд, ӯ шахси мазҳабӣ ва узви ягон ҳаракати ифротгарои мамнуъ набуд.

XS
SM
MD
LG