Ссылки доступа

Дар Сурия дар ивази ҷасади низомиёни рус озодии асиронро талаб доранд


Як гуруҳ дар Сурия 4 август гуфтааст, ҷасади 5 низомие, ки дар натиҷаи суқути чархболи Ми-8-и Русия ҷон додаанд, дар дасти онҳост.

Ин гуруҳ талаб кардааст, ки бар ивази ҷасади низомиён аъзои боздоштшудааш раҳо карда шавад.

Чархболи низомии Русия 1 августи соли равон дар шаҳри Идлиб, минтақаи зери идораи мухолифони Сурия сарнагун шуда, дар натиҷа ҳамаи 5 низомии дохилаш ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса бузургтарин талафоти низомиёни рус шумурда мешавад, ки Кремл баъди қатъи амалиёти низомияш дар Сурия расман эътироф менамояд.

Зери талаби ивази ҷасадҳо гуруҳе имзо гузоштааст, ки худро Бунёди кул оид ба умури асирон мехонад. Ин бунёд талош дорад, асиронеро озод намояд, ки нерӯҳои ҳукумати Башор Асад ва ҳампаймони Димишқ - гуруҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ба гарав гирифтаанд.

Гуруҳи мазкур номи боздоштшудаҳоеро, ки мехоҳад озод шаванд, эълон накардааст.

XS
SM
MD
LG