Ссылки доступа

Фурӯши гази моеъ дар Тоҷикистон назорат мешавад


Нозирони минтақавии ВКД Тоҷикистон аз бештари соҳибони нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ва кислород хостаанд, ки пеш аз фурӯши газ дар балонҳо ному насаб ва макони зисти муштариёнро дар дафтари алоҳида сабт кунанд.

Шералӣ Қобилов, масъули як нуқтаи фурӯши гази моеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб мегӯяд, ин таъкид ба сокиноне рабт дорад, ки дар балонҳои андозаашон аз 5 то 50 литр газ мехаранд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ду соли ахир аз панҷ кӯшиши амали террористӣ дар кишвар пешгирӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, тарҳрезони ин амалҳо ҷонибдорони гуруҳи “Давлати исломӣ” буданд, ки мехостанд бо истифода аз балонҳои газ ва кислород, чанд бинои маъмурӣ, бо шумули бинои пулисро тарконанд.

Қобилов афзуд, нозирони милиса ҳамчунин таъкид карданд, ки дар сурати пайдо шудани муштариёни шубҳанок, ки ду балон ва ё зиёда аз он газ мехаранд, пулисро огоҳ кунанд.

“Моҳе пеш нозири минтақавӣ ба назди мо омад ва гуфт, ҳар нафаре, ки миқдори зиёди газ мегирад, номнавис кунем ва телефону суроғаашро ҳам сабт кунем. Ӯ, ҳамчунин, гуфт, барои сабти номи одамони шубҳанок дафтари алоҳида боз кунем. Ҳар моҳ омада, дафтари моро тафтиш мекунанд, ки дар ҳақиқат номи муштариёнро менависем ё не”, - мегӯяд Шералӣ Қобилов.

Нусратулло Саидов, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин замина ягон супориши хос содир нашудааст, аммо нозирони минтақавӣ дар доираи салоҳияту вазифаҳояшон барои пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳо метавонанд чунин суҳбатҳоро анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG