Ссылки доступа

Обама: ҷиҳодиён дар Шарқи Наздик заъиф мешаванд, вале ҳомона хатар доранд


Президенти ИМА Барак Обама мегӯяд, гуруҳи "Давлати исломӣ" заъиф мешавад, вале ҳамоно хатар дорад.

Ба гуфтаи Обама, амалиёти низомӣ зидди ҷиҳодиён дар Ироқ ва Сурия мавқеи "Давлати исломӣ"-ро заъиф кардааст. Сарфи назар аз ин, гуруҳи террористии мазкур дар кишварҳои аврупоӣ ҳамла мекунад. Обама гуфтааст, мубориза бо исломиҳоро набояд "бархурди тамаддунҳо" номид, зеро тундгароён "равияи таҳрифшудаи ислом"-ро пайравӣ мекунанд.

Президенти ИМА бар ин назар аст, ки дар фурсатҳои наздиктарин ҷиҳодиён назорати шаҳрҳои калонтарин - Раққаи Сурия ва Мосули Ироқро аз даст хоҳанд дод. Моҳи апрели соли ҷорӣ Обама гуфта буд, ки "Давлати исломӣ" мавқеашро дар Шарқи Наздик аз даст додааст ва ба худдифоӣ гузаштааст.

XS
SM
MD
LG