Ссылки доступа

Туркманистон марзашро бо Қазоқистон баст


Тавре хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ медиҳад, Туркманистон дар робита ба ташдиди чораҳои амниятӣ барои панҷ рӯз марзашро бо Қазоқистон бастааст.

"Дар Туркманистон чораҳои амниятӣ дар марз пурзур шудааст, ки дар робита ба ин аз 4 то 8 август убури мурири шаҳрвандони хориҷӣ муваққатан маҳдуд шудааст", - хабар медиҳанд ниҳодҳои Қазоқистон.

Одатан марзи Қазоқистон зимни сафарҳои президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба вилояти Балкани кишвараш баста мешавад. Балкан дар наздикии марз бо Қазоқистон воқеъ аст.

Эҳтимолан Бердимуҳаммадов, ки дар рухсатии меҳнатӣ аст, ба истроҳатгоҳи Аваз, ки дар соҳили баҳри Каспий ё Хазари вилояти Балкан ҷойгир аст, рафта бошад.

XS
SM
MD
LG