Ссылки доступа

Арзиши умри сарбоз дар Тоҷикистон 635 доллар муқаррар шуд


Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе вазорати дифои Тоҷикистонро вазифадор кард, ки ба падару модари сарбози ҳалокшуда Фирдавс Раҳматов 5000 сомонӣ (муодили 635 доллари ИМА) ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад.

Наздикони сарбози кушташуда ҳаҷми зарари маънавиашонро 238 ҳазору 800 сомонӣ ва ё муодили 30350 доллари ИМА арзёбӣ карда буданд. Аз манфиатҳои волидони сарбоз дар додгоҳ вакилони дифои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятӣ зидди шиканҷа ҳимоят карданд.

Дилафрӯз Самадова, вакили дифои наздикони Фирдавс Раҳматов мегӯяд, “адолати додгоҳӣ барқарор нашуд ва ин маблағ, ки додгоҳ таъин кардааст, хеле ночиз аст". Ба қавли ӯ, падару модари сарбози кушташуда норозӣ монда ва аз болои ин ҳукми додгоҳ шикоят мебаранд.

Фирдавс Раҳматов 7 майи соли 2015 ба хизмат даъват шуд ва расо баъди як моҳаш – рӯзи 7 июн ҷасадаш ба волидонаш супурда шуд.

Дар моҳи октябри соли гузашта Додгоҳи ҳарбии гарнизони Суғд cе сарбозро дар лату кӯбу марги Фирдавс Раҳматов гунаҳкор донист ва ҳар яке аз онҳоро мутаносибан аз 17 то 18 сол ба зиндон маҳкум карда буд. Сержант - Раббонӣ Сулаймонов ба 18 сол, сержант -Комрон Раҳимов ба 17.5 ва сарбози қаторӣ- Айём Назаров ба 17 соли ҳабс дар зиндони низомаш пурзӯр, маҳкум шуданд.

XS
SM
MD
LG