Ссылки доступа

Отамбоев қонуни авфи ҷашниро имзо кард


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев қонун "Дар бораи авф бахшида ба 25-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Қирғизистон ва 100-солагии наҳзати милливу озодихоҳии соли 1916"-ро имзо кард.

Қонун пешбинӣ мекунад, шахсони ноболиғе, ки бори аввал ҷиноят содир карда ва ба муҳлати то панҷ сол зиндонӣ шудаанд; мардони аз 60-сола боло, занони аз 55-сола боло; афроди дорои маъюбии гуруҳи I ва II; афроде, ки ҷинояти начандон вазнин содир кардаанд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва зиндон озод карда шаванд.

Қонуни мазкур ҳамчунин пешбинӣ мекунад, ки муҳлати зиндони онҳое, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ нисфи адои ҷазоро ба охир расонидаанд; афроде, ки қасдан ҷиноят содир карда ва то 10 сол аз озодӣ маҳрум шудаву се яки ин муҳлатро ба охир расонидаанд, кам карда шавад.

Қонуни авф ба гунаҳкороне, ки бо айби куштор, таҷовуз, қонунӣ кардани пулҳои номашруъ, терроризм, гаравгонгирӣ, бетартибиҳои оммавӣ ва ғайра зиндонӣ шудаанд, татбиқ намегардад.

Қонун аз рӯзи ба имзо расиданаш ба амал медарояд ва то се моҳи дигар таъсир хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG