Ссылки доступа

Дар ташкили бетартибиҳои Ереван 8 нафар айбдор мешаванд


Дар ташкили бетартибиҳои шаби 29 июли Сари Тахи Ереван 8 нафар айбдор мешаванд.

Се нафари онҳо узви Ҳизби мухолифи "Наследие" ва як танашон узви ҳаракати "Новая Армения" ҳастанд. Ҷонибдорони ин ҳаракатҳо мақомотро дар таъқиби мухолифон айбдор намуда, пулисро масъули бетартибиҳои оммавӣ медонанд.

Дар задухурди эътирозгарон бо кормандони пулис аз ҳар ду ҷониб иштирокдорон осеб дидаанд. Миёни захмиён чанд рӯзноманигор, аз ҷумла хабарнигори бахши армании Радиои Озодӣ ҳам ҳаст.

Мухолифони Арманистон ба ҷонибдорӣ аз гуруҳи мусаллаҳи "Сесна тсрер", ки 17 июли соли равон бинои пулисеро дар Ереван ғасб намуданд, тазоҳурот баргузор менамоянд. Онҳо чанд корманди пулисро низ ба гарав гирифта буданд, ки баъдан дар натиҷаи гуфтушунид бо мақомот раҳо гардиданд. Ҳамлагарон рӯзи 31 июл ба мақомот таслим шуданд.

XS
SM
MD
LG