Ссылки доступа

КБП иштироки тими Русияро дар бозиҳои паролимпӣ манъ кард


Кумитаи байналмилалии Паролимпӣ (КБП) тамоми ҳайати тими миллии Русияро аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои Паролимпии Бразилия маҳрум кард.

Флипп Крейвен, раиси КБП гуфт, ин қарор барои истифода шудани доруҳои мамнуи нерӯафзо дар варзиши Русия гирифта шуд, ки қаблан Агентии ҷаҳонии зиддидопинг (WADA) дар борааш хабар дода буд.

Крейвен мегӯяд, кумитаи зери раҳбарияш далелҳоеро дар ихтиёр дорад, ки нишон медиҳанд натиҷаи санҷиши варзишгарони рус ҳангоми Бозиҳои Паролимпӣ дар Сочӣ иваз шудааст. "Аз ин рӯ, кумита ният дорад, моҳҳои наздик ташхиси ҳамаи иштирокдорони бозиҳои Паролимпии соли 2014-ро аз нав бисанҷад", - афзудааст вай.

Ба назари Крейвен, низоми зиддидопингии Русия "пурра осебпазиру фасодзада шудааст". Аммо Русия аз ин қарори КБП мехоҳад шикоят кунад.

Рӯзи 18 июл WADA бо нашри як гузориш гуфт, ташхисгоҳи зиддидопингии Русия истифодаи доруҳои нерӯафзоро аз сӯи варзишгарони рус пинҳон намудааст ва дар ин кор Хадамоти амнияти федеролӣ низ даст дорад. Кумитаи байналмилалии Олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ дар пайи нашри ин гузориш иштироки беш аз 100 варзишгари рус дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейроро манъ карданд.

XS
SM
MD
LG