Ссылки доступа

Ҳамла ба тоҷикони Қазоқистонро авбошӣ номиданд (видео)


Уласбек Содиқов, муовини ҳокими Қазоқистони Ҷанубӣ, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, "ҳодисаи шаби 1 ба 2 августи ноҳияи Мақтаарал низоъи байниқавмӣ нест" ва хулосаи ниҳоии муфаттишон ба зудӣ эълон хоҳад шуд.

Дар ноҳияи Мақтаарали Қазоқистон овозаҳои таҷовузи ҷинсии духтари 7-солаи қазоқ аз сӯи як ҷавони тоҷиктабор ба муноқиша ва оташ задани хонаҳо сабаб шуд. Мақомоти Қазоқистони Ҷанубӣ ҳамлаи гуруҳии ҷавонони қазоқро ба маҳалли зисти тоҷикон дар ин минтақа "авбошӣ" баҳо доданд.

Уласбек Содиқов гуфт, табибон духтари ҳафтсоларо ташхис кардаанд ва бино ба таҳқиқоти ибтидоӣ, "далели зӯроварӣ нисбат ба ин духтар тасдиқ нашуд". Вай афзуд, "тафтишот идома дорад ва волидони духтару писар ба якдигар даст дода ва ба ин баҳс хотима додаанд".

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, дар пайи ин ҳодиса беш аз 30 гумонбар боздошт шуда, бархеашон баъди бозпурсӣ раҳо шудаанд. Сокинони тоҷиктабори ноҳияи Мақтаарали Қазоқистони Ҷанубӣ аз мақомоти ин кишвар тақозо доранд, ки ҳарчӣ зудтар гумонбаронро боздошт ва муҷозот кунанд.

Дар Қазоқистон беш аз 50 ҳазор тоҷик ба сар мебарад, ки бештарашон муқими вилоятҳои ҷанубиянд.

Почему напали на таджиков Казахстана?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:06:58 0:00

XS
SM
MD
LG