Ссылки доступа

Духтари 19-сола худро дар маҳбаси Ҷизах овехтааст


Ҷасади Севара Алматоваи 19-соларо 4 август, баъди чаҳор рӯзи дастгир шуданаш дар боздоштгоҳи РКД вилояти Ҷизахи Ӯзбекистон овезон пайдо намудаанд.

Наздиконаш мегӯянд, вай ба далели шиканҷа ва азоби ҷисмонӣ, ки нисбаташ дар зиндон раво дидаанд, худро ба дор овехт.

Додситонии Ҷизах дар ҳоли ҳозир ин ҳодисаро тафтиш мекунад. Яке аз хешовандони Алматова мегӯяд, ин духтар баъд аз таҷовузи дастаҷамъӣ шуданаш дар боздоштгоҳ худкушӣ кардааст. Наздикони духтар дар ҷасади ӯ осори зӯровариро мушоҳида кардаанд.

Аммо намояндаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷизах ин ҳамаро комилан рад мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, Севара Алматова 3 август бо гумони дуздидани либос дастгир шуда буд. "Вай бо истифода аз либосҳояш дар боздоштгоҳ худро меовезад. Пеш аз супоридани ҷасади ӯ ба пайвандонаш, тамоми чораҳои фаврии тиббӣ андешида шуда буд", - гуфт манбаъ.

Севара Алматова то ҳол шавҳар накарда буд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ дар бозор кор мекард ва ҳеч гуна аломатҳои нуқсони равонӣ дар вай дида намешуд. Бино ба маълумоти Кумитаи зиддишиканҷаи СММ, истифодаи зӯроварӣ дар Ӯзбекистон, бахусус замони ҳабси пешакӣ хусусияти доимӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG