Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мехоҳанд, сафари ҷавононро ба хориҷ маҳдуд кунанд


Дар Қирғизистон мехоҳанд, ҷавононеро, ки ба синни ҳарбӣ расидаанд, аз сафар кардан ба хориҷи кишвар манъ намоянд.

Бино ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Кумитаи давлатии умури мудофиаи Қирғизистон лоиҳаи қарори ҳукуматро дар ин бора таҳия кардааст.

Манбаъ мегӯяд, лоиҳаи қарори мазкур ҳоло дар баррасии омма қарор дошта, матнашро сомонаи ҳукумати Қирғизистон нашр кардааст. Дар ин лоиҳа механизми иҷрои маҳдудияти сафари ҷавонон ба хориҷ пешбинӣ шудааст.

Дар аризаи баёнотӣ ба лоиҳа гуфта шудааст, вазъи муҳоҷирати дохилию хориҷӣ ва иқтисодиии Қирғизистон ба саркашии шаҳрвандон аз хизмати ҳарбӣ сабаб шудааст, ки онҳо бидуни баромадан аз қайди комисариати ҳарбӣ ба минтақаҳои дигар ё ба хориҷ аз кишвар фирор менамоянд.

XS
SM
MD
LG