Ссылки доступа

Туркманистон аз боздошти ҳавопаймояш дар Покистон эътироз кард


Туркманистон дар робита ба таъхири парвози ҳавопаймои ҳайтаи порлумониаш дар фурудгоҳи Беназир Бҳуттои Исломобод эътироз кардааст.

Баъди анҷоми сафари ҳайати порлумони Турманистон, ки ҳафтаи гузашта ба Покистона рафта буд, ҳавопаймои ин ҳайат дар фурудгоҳи Беназир Бҳуттои Исломобод 3 соат нигаҳ дошта шуд.

Раиси порлумони Туркманистон Акҷа Нурбердиев, ки ҳайатро роҳбарӣ мекард, ба намояндагони авиатсиаи Покистон эътироз карда ва сафири Туркманистон низ ба раиси порлумони Покистон Сардор Содиқ муроҷиат намудааст. Танҳо дар он сурат ҳавопаймо иҷозаи парвоз дарёфт кардааст.

Бино бар иттилои ҷониби Туркманистон, Нурбердиев бо ҳамроҳии ҳайати порлумонии кишвараш ба Покистон бо ҳавопаймои махсус парвоз карда, барои нишасту бархост дар фурудгоҳи Исломобод 1,5 ҳазор доллари ИМА пардохт кардааст. Мақомоти авиатсионии Покистон гуфтаанд, ки ҳавопаймо ба далели зиёд будани парвозҳои фурудгоҳ, ба таъхир андохта шудааст. Аммо ҷониби Туркманистон мегӯяд, ҳавопаймои онҳо бо низоми VIP парвоз карда буд.

XS
SM
MD
LG