Ссылки доступа

БОР барои рушди фазои сармоягузории Қирғизистон 25 млн доллар ҷудо кард


Шӯрои мудирони Бонки осиёии рушд (БОР) барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар Қирғизистон 25 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии вазорати иқтисоди Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, кумаки молӣ барои пуштибонии рушди иқтисодии Қирғизистон тавассути ташкили шароити сармоягузорӣ ва ҷойҳои корӣ, равона мешавад. Барнома барои беҳ сохтани зарфияти соҳибкорӣ дар бахши ба бозорҳои нав баровардани маҳсулот, беҳ сохтани дастрасӣ ба сармоя ва мусоидат кардан ба зерсохтори ҳамкории давлату соҳибкории хусусӣ нигаронида шудааст.

Кумаки БОР дар мувофиқа ба Стратегияи миллии рушди устувори Қирғизистон расонида мешавад. Шуруъ аз соли 2008 инҷониб БОР бо ҳукумати Қирғизистон барои беҳ кардани фазои сармоягузории ин кишвар ва пуштибонии бахши хусусӣ ҳамкорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG