Ссылки доступа

Боку ҳукми шартии Хадича Исмоиловаро кам кард


Додгоҳи Боку ҳукми шартии рӯзноманигори бахши озарии Радиои Озодӣ Хадича Исмоиловарo кам кард. Додгоҳи ҷиноятҳои сангини шаҳри Боку ҳукми шартии Исмоиловаро аз 3,5 сол то ба 2 солу се моҳ кам кард. Сабабҳои ин қарор хабар дода нашудааст.

Исмоилова моҳи декабри соли 2014 боздошт ва моҳи сентябри соли 2015 ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи Боку дар умури парвандаҳои сангини ҷиноятӣ Хадичаро дар саркашӣ аз пардохти андоз, тасарруфи амвол, берун рафтан аз ҳадди ваколатҳо ва фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ айбдор дониста буд.

Моҳи майи соли ҷорӣ вай аз зиндон раҳо шуд. Додгоҳи олии Озарбойҷон айбҳои тасарруфи амвол ва берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои хизматиро нисбати Хадича бекор кард. Акнун Хадича танҳо дар машғул шудан ба соҳибкории ғайриқонунӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор аст.

Парвандаи Исмоиловаро бисёриҳо ҳамчун подоши гузоришҳояш дар бораи фасодкорӣ миёни мансабдорони болоии Озарбойҷон, аз ҷумла, эҳтимоли сӯистифодаи молии президент Илҳом Алиев ва аъзои хонаводаи вай, медонанд.

XS
SM
MD
LG