Ссылки доступа

Сокини Роғун барои дар синфи 6-ум риш мондан зиндонӣ шуд


Архивное фото

Архивное фото

Додгоҳи шаҳри Душанбе 18 сокини шаҳри Роғунро, ки моҳи марти соли равон боздошт шуда буданд, ба муҳлати аз 3,5 то 10 солӣ зиндонӣ кардааст.

Бархе аз наздикони онҳо мегӯянд, ки додгоҳ ин 18 нафарро бар пояи моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ- даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ равонаи зиндон намудааст.

Абдулло Раҷабов, бародари яке аз маҳкумшудаҳо Раҷабмурод Раҷабов мегӯяд, бародараш 5 сол зиндонӣ шудааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи вай, додгоҳ натавонист гуноҳи Раҷабмурод ва ҳамроҳонашро ба таври бояду шояд исбот кунад".

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, дар парвандаи бародараш гуфта шудааст, ки Раҷабмурод Раҷабов соли 2009 ба шеваи салафӣ риш мондааст. “Бародарам дар соли 2009 дар синфи шашум мехонд. Ин гап чӣ хел ҳақиқат дошта метавонад? Ҳамаи мо медонем, ки дар синфи шашум риш гузошта намешавад аз нигоҳи физикӣ", - афзуд Раҷабов.

​Бо ин ҳол, масъулини Додгоҳи шаҳри Душанбе то ҳол расман ҳукми худро дар баробари 18 сокини Роғун шарҳ надодаанд. Ба қавли наздикони маҳкумшудаҳо, Шӯҳрат Фатҳиддинов барои 10 сол, Файзиддин Саидов (пизишк) ва Алишер Шамсиддинов 3,5-солӣ аз озодӣ маҳрум шуда, боқимондаҳо аз 5 то 5,5-солӣ равонаи зиндон шудаанд. Ҳамаи ин афрод аз 20 то 35 сол доранд.

Сокинони деҳаи Қалъаи нави Роғун ибтидои моҳи март дастгир шуда буданд. ВКД Тоҷикистон он замон бо нашри як иттилоия ин қазияро шарҳ дода ва гуфт, ки бархе аз ин сокинони Роғун барои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ-экстримистӣ боздошт шудаанд ва иддае дигарро барои пурсиш ҳамчун шоҳид ба сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ, даъват кардаанд.

XS
SM
MD
LG