Ссылки доступа

Нозирони интихоботии САҲА вориди Москва шуданд


Нозирони Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА, ки раванди баргузории интихоботи порлумонӣ дар Русияро назорат мекунанд, рӯзи душанбе корро оғоз карданд.

Дар ин бора раҳбари гуруҳ Ян Петерсен зимни як нишасти хабарӣ дар Москва иттилоъ додааст.

Ин гуруҳ бо дархости Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Русия вориди Москва шудааст. Ҳайати мазкур иборат аз 500 нозир буда, фаъолияти 80 танашон дарозмуддат ва боқӣ кутоҳмуддат аст.

Нозирони САҲА бо номзадҳо, намояндагони ВАО ва вакилони рус мулоқот хоҳанд кард. Масъулини САҲА барои фиристодани нозирон ба Қрими ғасбкардаи Русия ҳанӯз тасмим нагирифтаанд.

Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ба кишварҳои узви САҲА дар риояи ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосӣ кумак хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG