Ссылки доступа

Зане хост, марзи Қирғизистонро бо ҳуҷҷати "ғалат" гузарад


Шаҳрванди Қазоқистон мехост, тифли хурдсолро бо зодномаи фарзанди дигараш вориди Қирғизистон кунад. Дар ин бора Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, шаҳрванди Қазоқистон 8 август дар гузаргоҳи марзии "Чалдибар-роҳи мошингард"-и Қазоқистону Қирғизистон боздошт шудааст. Л.Ш.-и 23-сола шаҳодатномаи таваллуди духтари калонсолтарро пешниҳод карда, аммо духтарчаи хурдсолтареро дар даст доштааст.

Ба гуфтаи боздоштшуда, вай гӯиё ҳуҷҷати духтари панҷмоҳаашро бо ҳуҷҷатҳои духтари калонтараш иштибоҳ кардааст.

Баъди сабти санади боздошт, вай ба дасти кормандони пулис супорида шудааст.

XS
SM
MD
LG