Ссылки доступа

Тирпаронии хешони арӯсу домоди қирғиз дар Москва таҳқиқ мешавад


Маросими хонадоршавии зодаҳои Қирғизистон дар ҷануби Москва бо занозанӣ ва тирпаронӣ анҷом ёфтаааст.

Пулиси Москва ҳоло дар робита ба ин ҳодиса бар пояи моддаи авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар ин бора хадамоти матбуотии сафорати Қирғизистон дар Русия иттилоъ дода, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҳодисаи мазкур таҳқиқ мешавад ва то ҳол касе дастгир нашудааст.

Ҷанҷоли лафзии наздикони арӯсу домод 8 августи соли равон дар як тарабхонаи кӯчаи Борисовский Пруд бо задухурди мусаллаҳона анҷом ёфтааст. Бино бар хабарҳо, дар натиҷаи он 4 нафар осеб дидаанд, ки се танашон аз тири силоҳ маҷруҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG