Ссылки доступа

Байрақбардори Намибия дар Рио бо гумони талоши таҷовузи пешхизмат боздошт шуд


Байрақбардори мунтахаби Намибия дар маросими кушоиши бозиҳои Олимпӣ-2016 дар Рио-де-Жанейро - муштзан Ҷонас Ҷуниос бо гумони талоши таҷовуз боздошт шудааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Ҷонас талош кардааст, ки яке аз пешхизматони деҳкадаи Олимпиро ба шаҳватронӣ ҷалб намояд ва ҳатто дар ивази ин хизмат барои вай маблағ пешниҳод кардааст.

Аммо пешхизмат пешниҳоди муштзани 22-соларо рад карда, ба пулис хабар бурдааст.

Ҷуниос мебоист ҳафтаи ҷорӣ дар Рио ба майдон барояд.

Ин бори аввал нест, ки варзишгарон дар бозиҳои Олимпӣ бо гумони даст задан ба ҷиноятҳои шаҳвонӣ боздошт мешаванд. Пештар аз ин пулис муштзани марокашӣ Ҳасан Саадро низ бо ҳамин айб боздошт кард.

XS
SM
MD
LG