Ссылки доступа

Ҷудоихоҳон дар Донбасс 107 гаравгон дар ихтиёр доранд


Дар шарқи Украина дар ихтиёри ҷудоихоҳони русиягаро 107 одам ҳамчун гаравгон боқӣ мондаанд, ки аз ин шумор 64 нафар низомӣ - боқимонда сокинони осоишта ҳастанд. Дар ин бора муовини аввали раиси порлумони Украина Ирина Герашенко дар саҳифаи Фейсбукаш хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, дар охирин мулоқоти Минск оид ба танзими вазъи Донбасс, имкон даст додааст, ки ҷойи будубоши 45 гаравгонро дақиқ кунанд. Ҳафтаи гузашта бори аввал дар ду соли охир намояндагони миссияи СММ назди гаравгонон роҳ дода шуданд, хабар додааст Герашенко.

Вай ҳамчунин гуфтааст, дар зиндонҳои Русия 10 зиндонии сиёсии украинӣ боқӣ мондааст.

Ахиран назди бинои дастгоҳи президенти Украина иқдоми "Худиҳоро фаромӯш накунед", ба хотири пуштибонӣ аз гаравгонони украинӣ, ки дар Русия ва Донбасс нигаҳ дошта мешаванд, баргузор гардид. Дар ин иқдом вакили порлумони Украина Надежда Савченко низ ширкат доштааст. Даҳҳо иштирокчии ин иқдом бо қабули муроҷиатномае аз президенти Украина Петр Порошенко хостаанд, барои раҳоии гаравгонон иқдоми ҷиддие рӯи даст гирад.

XS
SM
MD
LG