Кӯчарубҳои Идораи давлатии ободкории вилояти Самарқанд талаб кардаанд, ки ҳокими вилоят ба дидорашон барояд ва маоши моҳҳои май, июн ва июли онҳо пардохта шавад.
Тавре шоҳидон нақл мекунанд, кӯчарубҳои норозӣ наздики 20 пулисеро, ки барои пароканда кардани онҳо омада буданд, бо белу каланд "пешвоз" гирифтаанд.
Мамурҷон Муҳсинов, роҳбари идораи ободкории вилояти Самарқанд гуфтааст, барои пардохти моҳонаи кӯчарубҳо дар буҷаи вилоят маблағ нест. Аммо то поёни он рӯз ҳамаи кӯчарубҳо маоши моҳи май ва июнро дарёфт кардаанд.
Баъди эътирози кӯчарубҳо Мамурҷон Муҳсинов аз мақомаш барканор шудааст.