Ссылки доступа

Баъди нокомӣ бо Русия, Қирғизистон сармоягузори нав меҷӯяд


8 августи соли ҷорӣ муҳлати бекорсозии созишномаи байниҳукуматии Русия бо Қирғизистон дар мавриди бунёд ва ба истифода додани "Қамбарота-1" ва силсилаи нерӯгоҳҳои Норини болоӣ ба охир расид. Дар ин бора вазорати иқтисоди Қирғизистон хабар медиҳад.

Аз ин ба баъд Қирғизистон дар ҷустуҷӯи сармоягузорони нав хоҳад шуд, то тарҳҳои мазкурро ба охир расонад.

Дар ибтидои соли ҷорӣ ҳукумати Қирғизистон созишномаи бунёди нерӯгоҳи "Қамбарота-1" ва силсилаи неругоҳҳои Норини болоиро бо Русия бекор кард.

Ҳукумати Қирғизистон гуфт, ба сабаби буҳрони иқтисодӣ, Русия дар солҳои наздик нияти ба охир расонидани сохтмони нерӯгоҳҳои ин кишварро надорад.

XS
SM
MD
LG