Ссылки доступа

Табодули коло миёни Қазоқистон ва АвруОсиё коҳиш ёфтааст


Бино ба арзёбиҳои пулӣ, табодули коло миёни Қазоқистон ва кишварҳои АвруОсиё то 4,6 миллиард доллари амрикоӣ коҳиш ёфтааст. Дар ин бора кумитаи омори Вазорати иқтисоди миллии Қазоқистон иттилоъ додааст.

Бар пояи иттилои сомонаи таҳлилии Finprom, ҳаҷми воридоти мол аз АвруОсиё ба Қазоқистон нисбат ба нишондодҳои содирот 2,2 баробар пешсафтар аст.

"Дар бисёр маврид ин ба маънои он аст, ки маҳсулоти сӯзишворӣ - энергетикии Қазоқистон дар бозорҳои Русия харидорӣ кофӣ надорад ва ҳамчунин вазъи манфии иқтисодии ҳавзаи АвруОсиё, ки имкониятҳои афзоиши содиротро заиф мегардонад, ба ин сабаб мешавад", - навиштааст Finprom.

Дар давраи ҳисоботӣ, содироти мол аз Қазоқистон ба кишварҳои АвруОсиё 32,2% ё то 1,46 миллиард доллар кам шудааст. Металҳои нодири заминӣ ва қимматбаҳо, маъдани оҳан, кимиёи ноорганикӣ ва контсентратҳо ба маҳсулоти асосии содироткунандаи Қазоқистон табдил ёфтаанд.

Дар натиҷаи беқурбшавии танга ва заиф шудани талаботи дохилӣ ҳаҷми воридоти мол ба Қазоқистон дар 5 моҳи аввали соли 2016 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,1% ё то 3,22 миллиард доллар коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG