Ссылки доступа

Дар Косово ҷаласаи порлумонро бо гази ашковар вайрон карданд


Мухолифони Косовобарои монеъ шудан ба қабули созишномаи аломатгузории хатти марзи ин кишвар бо Черногория дар ҷаласаи порлумон гази ашковар сар додаанд. Бино ба хабарҳо, он замон чанд нафар низ ба сӯи бинои порлумон санг ҳаво додааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи Исо Мустафо, сарвазири Косово, афроди номаълум дар манзили зисти раиси комиссияи умури марзҳо маводи тарканда ҷой намудаанд. Қаблан низ мухолифони Косово ҷаласаи порлумонро дар мавзуи марзи ин кишвар бо Черногория вайрон карда буданд.

Ин созишнома сафари бидуни раводиди сокинони Косоворо ба Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ менамояд. Мухолифон мегӯянд, Косово баъди аломатгузории хатти сарҳадаш беш аз 8 ҳазор гектар заминро аз даст медиҳад.

Минтақаи худмухтори пешини Сербия Косово соли 2008 истиқлоли худро эълон кард. Аммо се кишвари аҳдномаи Шенген Испания, Словакия ва Юнон ин ҷумҳуриро эътироф наменамоянд. Дар ҳоли ҳозир сокинони Косово ба ин кишварҳо на бо раводиди Шенген, балки бо визаи худи онҳо сафар мекунанд.

XS
SM
MD
LG