Ссылки доступа

Дар Қирғизистон аз 1 октябр нафақа зиёд мешавад


Сар аз 1 октябр дар Қирғизистон интизор меравад, ки нафақа зиёд шавад. Дар ин бора дар мулоқоти президенти он кишвар бо раиси Бунёди иҷтимоии Қирғизистон ва ноиби аввали сарвазири он кишвар хабар дода шудааст.

Ба гуфтаи ноиби аввали сарвазири Қирғизистон Муҳамматкали Абулғозиев, дар пайи ин тағйирот ҳаҷми миёнаи нафақа 10,2% боло рафта ба 5173 сом (муодили тақрибан 510 сомонӣ) мерасад.

Президенти Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев гуфтааст, ки уҳдадориҳои иҷтимоии давлат бояд ба хубӣ иҷро шаванд.

"Ғамхорӣ дар ҳаққи нафақахӯрон яке аз вазифаҳои муҳими давлат аст ва бо назардошти имкониятҳо бояд талош кард, ки ҳаҷми муносиби нафақа ба онҳо таъмин карда шавад", - афзудааст Отамбоев.

Дар Қирғизистон дар охири соли 2015 ҳаҷми миёнаи нафақа 4790 сом (муодили 470 сомонӣ)-ро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG