Ссылки доступа

Дар Рио сӯи автобуси рӯзноманигорон тир кушоданд


Дар бозиҳои Олимпии 2016 дар Рио-де-Жанейро шахсони номаълум сӯи автобуси ҳомили рӯзноманигорон тир кушоданд, ки дар натиҷа ду нафар ҷароҳати сабук бардоштааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, автобуси мазкур аз макони баргузории мусобиқаҳои волейбол ба самти боғи асосии Олимпӣ ҳаракат доштааст. Дар масири байни ин ду иншооти Олимпӣ садои тирпарронӣ шунида шуда ва ин тирҳо ба автобус бархурда, шишаҳои онро шикастаанд.

Шишаҳо ба сару рӯи одамон рехта, ду нафарро маҷруҳ кардааст. Пулиси Бразилия то кунун ҳодисаи мазкурро шарҳ надодааст.

6 август низ дар назди иншооти баргузории мусобиқаи дави аспҳо дар Рио як тири дайду ба боми маркази матбуотии ин сабқат бархурда буд.

XS
SM
MD
LG