Ссылки доступа

Шарҳрванди Ӯзбекистон дар Русия ду ҳамватанашро куштааст (видео)


Дар шаҳри Обнински Русия шаҳрванди 25-солаи Ӯзбекистон, ки дар қатли ду ҳамватанаш - модару духтар - гумонбар дониста мешавад, боздошт шудааст.

Тавре сардори шуъбаи тафтишотии шаҳри Обнинск Александр Кирсанов хабар медиҳад, куштор 6 август дар яке аз манзилҳои кӯчаи марказии шаҳр рух додааст.

Бино бар иттилои пешакии тафтишот, ҷавони гумонбар ва духтари кушташуда робитаи маҳрамона доштаанд. Аммо модари духтар зидди робитаи онҳо будааст.

Тавре муфаттишони Русия мегӯянд, ҷанҷоле, ки байни модари духтар ва ҷавони гумонбар бархост, бо фоҷиа ба охир расид: дар авҷи хашму ғазаб он ҷавон бо корд ба модари духтар ҳамла кард ва баъдан дӯстдухтарашро, ки мехост низоъро хомӯш кунад, маҷруҳ кард. Модару духтар аз ҷароҳатҳои бардоштаашон дар ҷои ҳодиса фавтиданд.

Пулис мегӯяд, ҷавони гумонбар баъди як рӯзи ҳодиса дар вилояти Твери Русия боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG